Гиромидошти хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия

Нимаи дуюми рӯзи 1-уми августи соли равон дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи ёдгории оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" гулчанбар гузошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гиромидошти шаҳидони роҳи озодӣ бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи Қаҳрамонҳои миллии Индонезияро, ки мадфанашон дар ин ҷо аст ёд карда, дар китоби хотироти меҳмонони олиқадр соядаст гузошт.
 Оромгоҳи Қаҳрамонҳои миллии Индонезия "Калибата" дар ҳудуди Маҷмааи ёдгориҳои Ҷакарта ҷойгир буда оромгоҳи ҳарбӣ маҳсуб мешавад ва ба хотираи қурбониёни муборизаҳои озодихоҳии Индонезия барои ба даст овардани истиқлолият аз Нидерландия дар солҳои 1945-1949 бунёд шудааст.
Дар оромгоҳ наздик ба 7 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, низомӣ ва ҷамъиятии Индонезия дафн карда шудаанд.