ҒАЛАБА МУБОРАК! Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон чемпиони CAFA-2019 гардид!

Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии панҷум ва ниҳоии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019     миёни дастаҳои футболи мунтахаби наврасони  то  16-солаи Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор шуд. Идомаи мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.  

Ин  вохӯрии ниҳоӣ пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи  дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Ҳамин тавр, дастаи  мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо касби 13 имтиёз пешсафи ҷадвал шуда, унвони чемпионии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Мраказиро соҳиб шуд. Нишони нуқраи мусобиқоти мазкурро дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон сазовор шуд. Дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барандаи медали биринҷӣ гардид. Дар ҳақиқат ҳам бозингарони навраси  тоҷик бори дигар исбот намуданд, ки футбол дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва ояндаи наздик мамлакати мо низ футболбозони сатҳи ҷаҳонӣ тарбия мекунад.

Ёдовар мешавем, ки  раиси  Федератсияи  футболи Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   дар кунгураи 4-уми CAFA, ки 24  апрели имсол дар Душанбе доир гардид, президенти нави Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ интихоб шудааст.

Дар маросими ҷоизасупорӣ, ки баъди анҷоми бозии охирин миёни дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Афғонистон  шоми    1  август  дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри  Душанбе доир гардид, Рустами Эмомалӣ ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои Анҷумани футболи Осиёи Марказиро супурд.

Дастаи ғолиб – Тоҷикистон бо Ҷоми чемпионӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардид. Дастаи   мунтахаби наврасони Ӯзбекистон барои ҷойи дуюм бо медалҳои нуқра ва дастаи мунтахаби наврасони  Эрон барои ҷойи сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҷоизаи беҳтарин бозингар ба Муҳаммадворис Саидалиев, узви дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тақдим гардид. Ҷоизаи беҳтарин нишонзан насиби Аҳмад Зикриё Ҳусайнӣ, узви дастаи  мунтахаби наврасони Афғонистон гардид, ки дар ин мусобиқот се гол задааст.

Президенти ФФТ ва CAFA Рустами Эмомалӣ бо бозингари беҳтарини Чемпионати CAFA-2019 Муҳаммадворис Саидалиев

Ба дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон ҷоизаи Fair Play (Бозии шаффоф) супурда шуд.

Даври 5-ум

Қирғизистон – Эрон – 0:5

 Ӯзбекистон – Туркманистон – 4:0

 Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Хотиррасон  мешавем, ки  30   июл   дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дастаи   мунтахаби футболи наврасони то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии даври чоруми худ дар доираи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ  дастаи  мунтахаби  наврасони  то 16-солаи   Эронро   бо ҳисоби калони   3:0 мағлуб  намуд. Голҳои дастаи  мунтахаби  Тоҷикистонро  дар ин дидори ҷолиб Кабир Салимшоев (2 гол) ва Сунатулло Азизов (1 гол) ба ҳадаф расониданд.Бозии дигар байни дастаҳои мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон ва Афғонистон бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи  мунтахаби наврасони Ӯзбекистон хотима ёфт. Дар  як вохӯрии дигар дастаи  мунтахаби наврасони   Туркманистон бар  дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад  Дар айни замон дастаи  мунтахаби  наврсони Тоҷикистон бо касби 10 хол садрнишини ҷадвал мебошад.

Даври  4-ум

Эрон – Тоҷикситон – 0:3

Голҳо: Кабир Салимшоев, 15 (0:1). Кабир Салимшоев, 27 (0:2). Сунатулло Азизов, 70+3 (0:3).

Афғонистон – Ӯзбекистон – 0:3

Голҳо: Абдуқодир Хусанов, 3 (0:1). Алишер Хайруллоев, 19 (0:2). Рустам Турдимуродов, 48 (0:3).

 Туркманистон  – Қирғизистон  – 1:0

Голҳо: Муҳамметалӣ Кишиков, 55.

29  июли  соли равон   сабқатҳои даври сеюми   Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ   CAFA -2019   баргузор гардиданд. Дар даври сеюм  дастаи мунтахаби футболи  наврасони Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Дар ин давр дастаи мунтахаби наврасони  Қирғизистон  аз дастаи  мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 мағлуб гардид ва дастаи мунтахаби  наврасони  Эрон  аз дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо натиҷаи  1:0 шикаст хӯрд.

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Туркманистон – 3:0

Голҳо: Сунатулло Азизов, 59 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 67 (2:0). Хусрав Тоиров, 70+4 (3:0)

Қирғизистон – Ӯзбекистон – 2:3

Голҳо: Азизҷон Тошкентбоев, 2 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 29 – аз пеналти (0:2). Алишер Хайруллоев, 39 (0:3). Иличбек Атай, 41 (1:3). Берискелди  Тинибеков, 46 (2:3).

 Голҳо:

Эрон – Афғонистон – 0:1

 Голҳо: Аҳмад Закарёи    Ҳуссайнӣ, 66.

26 июли соли равон дастаи  мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол  дар даври 1-уми Чемпионати CAFA   бо  дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи Ӯзбекистон дидор анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе  дар сатҳи баланду хотирмон сурат гирифта, бо ҳисоби  мусовии 1 бар 1 хатм гардид. Голи футболбозони ӯзбекро дар нимаи аввали бозӣ ҳамлагар Рустам Турдимуродов ба ҳадаф расонид. Аз ҳайати дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар қисмати дуюм Алиҷони Айнӣ ба задани гол даст ёфт.

Бозиҳои  дигари  ҳамин гурӯҳ низ бо  чунин натиҷа хотима ёфтанд.  Дастаи мунтахаби  наврасони Эрон бар  дастаи мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Дастаи  мунтахаби  наврасони Қирғизистон дидорро  бо дастаи мунтахаби  наврасони  Афғонистон  бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.

Даври 1-ум

Ӯзбекистон – Тоҷикистон  – 1:1

 Голҳо: Рустам Турдимуродов, 28 (1:0). Алиҷони Айнӣ, 59 (1:1).

 Туркманистон – Эрон – 1:3

Голҳо: Саҷад Гулмуҳаммадӣ, 15 (0:1). Батир Саҳидов, 60 (1:1). Ёдгор Ростамӣ, 66 – аз пеналти (1:2). Алиакбар Ранҷбар, 70+5 (1:3).

Афғонистан – Қирғизистон – 2:2

Голҳо: Аламбек Абилқасимов, 17 (0:1). Нурсент Азаматов, 32 (0:2). Меҳдӣ Иброҳимӣ, 44 (1:2). Аҳмад Зикрё, 51 (2:2).

27 июли соли 2019  дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби наврасони  то 16-солаи  Тоҷикистон бар дастаи мунтахаби  наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Бозии ин дастаҳои  мунтахаб  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар сатҳи  баланду  хотирмон  доир гашт. Голҳоро Муҷовид Шовайсиддинов ва Муҳаммадворис Сайдалиев заданд.

Дар бозиҳои дигар  дастаи  мунтахаби  наврасони  Афғонистон бар дастаи мунтахаби наврасони  Туркманистон бо ҳисоби 1:0  ва  дастаи  мунтахаби наврасони  Эрон бар  дастаи мунтахаби наврасони  Ӯзбекистон бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Даври 2-ум

 Тоҷикистон – Кирғизистон – 2:0

 Голҳо: Муҷовид Шовайсудинов, 38 (1:0). Муҳаммадворис Саидалиев, 60 – аз пеналти (2:0).

Афғонистон – Туркманистон – 1:0

 Голҳо: Аҳмад Закарёи  Ҳуссайнӣ, 22.

Ӯзбекистон – Эрон – 1:2

 Голҳо: Холид Роҳанӣ, 10 (0:1). Муродбек Хуҷамбердиев, 16 – аз пеналти (1:1). Саҷод Ҳодимӣ.

Ғалаба муборак! Мо  бо дастаи мунтахаби футболи  наврасони  то 16- солаи Тоҷикистон ифтихор мекунем!

АМИТ «Ховар»

Tags: