Футболбозони дастаи «Моҳир» бо ҳисоби 13 бар 1 дастаи «Пахтакор»-ро мағлуб карданд

Дастаи футболбозони «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар майдони худ дастаи «Пахтакор»-и Қубодиёнро бо ҳисоби 13 бар 1 мағлуб намуд. Ин охирин бозии дастаи «Моҳир» имсол миёни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон буда, даста  ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳхат гирифт. Дар ин бора аз ҳукумати ноҳияи Ёвон ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар» иттилоъ доданд.

Дастаи  «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон дар мавсими имсола 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом дода, ба дарвозаи ҳарифони худ 90 гол ворид намудааст.

Даста дар маҷмӯъ соҳиби 56 хол гардида, ба Лигаи якуми  футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Бозингари ин даста Баҳровар Ҳалимов бо задани 32 гол беҳтарин нишонзани ин чемпионат шинохта шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: