Филми «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимов бо номинатсияи махсус мукофотонида шуд

Филми «Хаёлпарастони музофотӣ«-и коргардони ҷавони тоҷик Румӣ Шоазимов, ки аз рӯи сенарияи Темур Зулфиқоров таҳия шудааст, 12 октябр аз ҷониби раиси ҳакамони Фестивали байналмилалии Леонид Хромов — 2020 — «Бозёфти сол» бо номинатсияи махсус қадрдонӣ карда шуд. Дар ин бора Румӣ Шоазимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Гирифтани ҷоиза дар чунин замони душвор хеле гуворост, зеро коронавирус ба ҳама соҳаҳо, аз ҷумла ба рушди кино, баргузор намудани ҳама гуна фестивалҳо ва озмунҳо  таъсир расонидааст. Мояи хушнудист, ки филми ман ба ҳайати ҳакамон писанд омад ва онро қадр карданд”, — изҳор намуд коргардони тоҷик.

Имрӯз натиҷаҳои нахустин «Фестивали байналмилалии филмҳои Леонид Хромов — 2020″ ҷамъбаст шуданд. Бо сабаби вазъи вобаста ба COVID-19 дар ҷаҳон ва шадидтар шудани режими худмаҳдудкунӣ дар Москва ғолибони ҷашнвора ба таври онлайн муайян шуданд.

Ин фестивалро моҳи апрели соли 2020 продюсери рус Леонид Хромов таъсис додааст. Ба ин фестивали байналмилалии филмҳо аз коргардонҳо ва продюсерҳои 33 кишвари ҷаҳон дархосту пешниҳодҳо ворид шуданд.

«Филм ба ман писанд омад. Он аз дигар филмҳо фарқият дорад.  Дар он на куштор аст ва на дигар ҳолатҳои ҷиддии муноқишаангез. Филм сабук, нек ва ахлоқӣ аст, ҳоло кам бо чунин филмҳо дучор мешавӣ. Бисёр муҳим аст, ки дар Тоҷикистон филмҳои хуб таҳия мешаванд ”, — гуфт президент ва раиси ҳакамони фестивали филмҳо Леонид Хромов.

Шоҳҷоизаи фестивали филмҳо (Гран-при) насиби филми ҳунарии «Рӯзномаи моҳигир» аз Камерун гардид. Ҷоиза барои беҳтарин филми кӯтоҳ насиби Шветсия барои филми «Синфи 2 А» гардид.

Филми «Орзуҳои музофотӣ» -и Румӣ Шоазимов дар жанри мураккаби мазҳакаи ҳаҷвӣ ба навор гирифта шудааст. Филм пуробуранг, ғайриодӣ аст ва ба масъалаҳои арзишҳои оилавӣ ва идомаи иртибот байни наслҳо бахшида шудааст.

Филм дар студияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шудааст. Дар он зиёда аз 70 ҳунарманд нақш офаридаанд. Дар баробари актёрони машҳури касбӣ, инчунин ҳунарпешагони ғайрикасбӣ ва ҷавон низ нақш офаридаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: