Дар Ҳисор коргоҳҳои нонпазии шаҳр фаъолиятро бо ҳезум ва ангишт ба роҳ мондаанд

Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти  шаҳри Ҳисор вобаста ба сарфакорона  истифода бурдани неруи барқ 132 нуқтаи фурӯши ангишт ва 68  фурӯшгоҳи  сӯзишворӣ ба таври доимӣ дар хизмати халқ қарор доранд. Ҳамчунин барои сарфагардонии  қувваи барқ ҳамаи коргоҳҳои нонпазии шаҳри Ҳисор бо ҳезум ва ангишт фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Дар ин бора  мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ, ислоҳоти  иқтисодӣ  ва савдои шаҳри Ҳисор Абдуҷалол Ҳафизов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар дод.

Тибқи дастури раиси шаҳри Ҳисор гурӯҳҳои корӣ дар деҳот ва маҳаллаҳо  ҷиҳати  истифодаи оқилонаву самараноки қувваи барқ, пардохти маблағи саривақти истифодаи он ва қарзҳои дебиторӣ, пешгирӣ намудани сарфаи зиёди беҳудаву бемавқеъи қувваи барқ, истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Нисбат ба  натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейдҳои муштараки кормандони шабакаҳои барқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони мақомоти иҷроия муовини Шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор Ҳабибулло Ашуров   гуфт, ки дар 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳри Ҳисор  дар ин давраи кутоҳ зиёда аз 50 ҳолати ғайриқонунӣ истифодабарии қувваи барқ ошкор карда шуд ва зарари расондаи онҳо ба маблағи 9000 сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ва 3000 сомонӣ аз ҳисоби корхонҳо барқарор гардид.  Ҳамчунин  пас аз оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ ва рейдҳои муштарак мувофиқи ҳисоботи ҳисобкунакҳои барқӣ дар Шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор аз 15 декабри соли равон то рӯзи 23 ҳамин моҳ 258 ҳазору 65 киловатт-соат неруи барқ сарфа карда шудааст.

Муовини раиси ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор Лайло Хоҷазода изҳор дошт, ки дар ҳудуди ҷамоати Деҳқонобод аз ҳисоби  раисони маҳаллаҳо, вакилони ҷамоат, фаъолони ҷамъиятӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  4 гурӯҳӣ корӣ ташкил гардид ва то имрӯз бо сокинони 3200 хоҷагӣ дар мавриди  сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, пардохти саривақтии истифодаи қувваи барқ, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии бемории КОВИД -19 суҳбатҳо гузаронида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: