Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» бо спектакли «Модар-Ватан» ҷамъбаст мегардад

Имрӯз дар доираи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2017» се спектакл манзури аъзои ҳакамон ва мухлисони театр мегардад.
Соати 10:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аҳли эҷоди Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара спектакли «Шикасти аввал. Қаромита»-ро, ки муаллифи он Ҷумъа Қуддус ва таҳиягар С. Алимов аст, намоиш доданд.
Соати 14:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе спектакли «Кист гунаҳкор» манзури ҳаводорони фестивал-озмун мегардад. Муаллифи асар Л. Кожевников буда, таҳиягар И. Сафаров мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Фестивал- озмун бо спектакли Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Т. Фозиловаи шаҳри Конибодом бо номи «Модар-Ватан», ки муаллиф ва таҳиягар Муҳиддин Музаффар аст, ҷамъбаст мегардад.

АМИТ "Ховар"

Tags: