Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд
таъин намудани Қодирӣ Ардашер

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Қодирӣ Ардашер ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Таиланд таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1545

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор
озод намудани Собирзода З.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Собирзода Зайдулло Фозил бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1546

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
озод намудани Иноятзода Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Иноятзода Баҳром аз вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1547

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода
озод намудани Вализода А.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Вализода Абдуқодири Исуф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1548

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
озод намудани Акрамзода П.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Акрамзода Парвиз Акрам бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1549

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
таъин намудани Вализода А.И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Вализода Абдуқодир Исуф иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1550

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси
ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон
таъин намудани Маҷидӣ М.Х.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1551

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи иҷрокунандаи
вазифаи раиси шаҳри Турсунзода
таъин намудани Акрамзода П.А.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Акрамзода Парвиз Акрам иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1552

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Содиқзода Х.С.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Содиқзода Хурсанд Сафар муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1553

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи муовини директори Агентии назорат дар соҳаи
маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Назарализода Д.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :

Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
8 июни соли 2020
№1554

АМИТ «Ховар»

Tags: