Фаъолияти «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» қатъ карда шуд

Аз 24-уми феврали соли равон иҷозатномаҳои Иҷозатномаҳои «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк» бозхонд карда шудаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии БМТ хабар дода гуфтааст, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2017 (10) дар асоси моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» бо сабабҳои асоснок фаъолияти ин ду бонк қатъ карда шуд.
Тибқи қарори зикршуда иҷозатномаи ҶСП БСТ ТИСТ «Тоҷпромбонк» ва ҶСК «Фононбонк», ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудаанд, бозхонд карда шуд.
Ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи қонунгузории амалкунанда омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд.

Tags: