Дар Бадахшон бинои нави бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ ёфт

ТВТ.19.08.2022. Дар доираи Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помиринвест -2022» дар Бадахшон бинои бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нав Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот, роҳбари намояндагии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лени Монтиел ва дигар намояндагони шарикони рушд иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ислоҳот гузаронида шуд. Дар ин раванд рушди институтсионалии соҳа низ ташаккул ёфта, бо мақсади дастгирии методӣ ва машваратии соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон»- и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар Бадахшон Директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷуразода гуфт, ки «бинои бахши муассиса дар шаҳри Хоруғ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар он барои соҳибкорон имконияти нав фароҳам оварда шудааст, то бо соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ мубодилаи афкор ва таҷриба намоянд».

Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» имконияти мусоидро барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар фароҳам оварда, дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас мегузорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: