Эраҷ Раҳматов

Эраҷ Раҳматов 17 - уми апрели соли 1993 дар Тоҷикистон тавалллуд шудааст.
Ӯ соли 2015 шуъбаи филологияи  Донишкадаи  давлатии забонҳои Тоҷикистон   ба номи  Сотим Улуғзодаро  хатм намудааст.
Эраҷ фаъолияти кориашро моҳи октябри соли 2013 дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” оғоз кардааст. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 инҷониб дар идораи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатии “Телевизиони Тоҷикистон” ба ҳайси муҳаррир фаъолият дорад.
Эраҷ муаллифи барномаҳои  “Эҷод” ,“Нигоҳи хос” ва “Ибтикор” мебошад. Ӯ Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Вай ҳамзамон бо матбуоти даврӣ ҳамкорӣ мекунад.