Аҳлиддини Нурулло

Аҳлиддини Нурулло 21-уми январи соли 1990  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Номбурда хатмкардаи  Донишгоҳи Агарарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур буда, ҳоло  донишҷӯи бахши 4-уми факултети Журналистикаи умумии  Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошад. Номбурда фаъолияти кориашро аз моҳи июни соли 2013 дар идораи барномаҳои фарҳангиву фароғатии “Теливизиони Тоҷикистон” ба ҳайси муҳаррири хурд оғоз кардааст. Ӯ муаллифи барномаҳои «Нимароҳ» «Аз Остон то Бостон» «Мо танҳо нестем» мебошад.
Аҳлиддин соли 2015 дар идораи барномаҳои “Субҳ”-и Телевизиони Тоҷикистон  чун муҳаррир ва аз соли 2016 дар идораи барномаҳои итилоотии Телевизони Тоҷикистон фаъолият дорад.