Ҳаракати нақлиёт аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров 11 қатъ мегардад

Зимни як қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 6 феврал то 25 декабри соли 2017 ҳаракати нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров муваққатан қатъ гардидааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии шаҳрдорӣ  қарори мазкур дар пайи лоиҳаи «Азнавсозии кӯчаи М.Маҳмадалӣ (собиқ Фучик) аз кӯчаи Карин Манн то кӯчаи А.Қаҳҳоров» ба тасвиб расидааст.

Ба иттилои манбаъ сохторҳои марбута вазифадор гардиданд, ки самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян созанд ва дар нақшаи хатсайрҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйироти дахлдор ворид намоянд.

Инчунин дар қарор омадааст, ки Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва пудратчии асосӣ -ҶСК «Сохтмон Таъмир» вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи БДА-и Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро ба анҷом расонида, бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар кӯчаҳои ҳамшафат таъмин намоянд.