«Дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардидааст»,- бардошт аз ҳамоиш дар шаҳри Москва

Чанд рӯз қабл  дар Хонаи миллатҳои шаҳри Москва таҳти унвони «Муҳоҷират, бехатарӣ, тандурустӣ: нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ» ҳамоиш доир гардид. Дар он масъулини  Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тавре сухангӯи Намояндагии мазкур Иброҳим Аҳмад ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳамоиш  бо ташаббуси Комиссия оид ба сиёсати иттилоотӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссия оид ба муҳоҷират, Комиссия оид ба бехатарии ҷамъиятию  дипломатияи халқии Шӯро оид ба корҳои миллиятҳои назди Ҳукумати шаҳри Москва ва Ассотсиатсияи миллии табибони хизматнишондодаи Федератсияи Россия  бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор шуд. Ҳадафи асосии ҷамъомад  иҷрои самарабахши Амри Президенти ФР аз 31 ояктябри соли 2018 «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷиратии Федератсияи Россия барои солҳои 2019-2025» мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш  раиси Комиссия оид ба бехатарии ҷамъиятӣ ва дипломатияи халқии Шӯро оид ба корҳои миллиятҳои назди ҳукумати шаҳри Москва Федор  Драгой, Раиси Комиссия оид ба муҳоҷирати Шӯрои мазкур Юрий Московский, муовини раиси Шӯрои мазкур Игор Кругових, Президенти Ассотсиатсияи миллии табибони хизматнишондодаи ФР, роҳбари ЛОР клиникаи ГБУЗ МО МОНИКИ ба номи М.Ф. Владимирский, д.и.т. Виктор Егоров, намояндагони мақомоти муҳоҷиратӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва  Молдова  доир ба мавзӯи матраҳшаванда  табодули назар карданд.

Аз ҷумла, дар нишаст масъалаҳо марбут ба татбиқи қонунгузорӣ, вазъи феълии дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки бо вуҷуди он ки солҳои  охир бо дарназардошти такмили қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ  ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар гардида бошад ҳам, вале то ҳол дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд. Ба гуфти масъулини соҳа, ин масъала- дастрасии муҳоҷирони меҳнатиро   ба хизматрасониҳои тиббии умумӣ механизми барасмиятдарории патент ва дар асоси он гирифтани полиси суғуртаи тиббӣ то ҷойе ҳал намудааст.

Ба масъалаи вазъи бемориҳои сироятӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ ва таъсири он ба ҷомеаи маҳаллӣ дахл намуда, мутахассисони соҳа изҳор доштанд, ки таҳлили 10 соли охир нишон медиҳад, ки дар ин ҷо хатари ҷиддӣ вуҷуд надорад. Яъне бемориҳои сироятӣ, тавре ки аз шаҳрвандони хориҷӣ ба мардуми маҳаллӣ сироят мекунанд, ҳамин миқдор мардуми маҳаллӣ ба муҳоҷирон низ бемориҳои сироятии иҷтимоӣ мегузаронанд. Аммо, дар баъзе ҳолатҳо  бинобар мавҷуд будани эҳтимолияти ихроҷ шудани шаҳрванди хориҷӣ аз қаламрави Россия ҳангоми муайян кардани сироят, қисме аз шаҳрвандони сироятшуда аз табобат даст мекашанд ё ин ки ба будубоши ғайриқонунӣ мегузаранд.

Дар интиҳои ҳамоиш  иштирокдорон пешниҳодоти худро вобаста ба беҳдошти шароити дастрасии муҳоҷирон ба хизматрасонии тиббӣ  манзур намуданд.

Дар ҳамоиш  намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират  бо дарназардошти  яке аз заминаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ- будубоши қонунии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди ФР буда, ки он   тибқи қонунҳои амалкунанда асосан тариқи полиси тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатии патент барасмиятдароварда пешбинӣ шудааст,  пешниҳод кард, ки дар қонунгузории соҳаи муҳоҷират муҳлати будубоши аъзои оилаи муҳоҷирон низ ба инобат гирифта шавад. Ин ба беҳтаргардии  дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббӣ ва таҳсили аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.

Зеро мувофиқи қонунгузорӣ аъзои оилаи муҳоҷири меҳнатӣ дар сурати барасмият надаровардани патент давоми 180 рӯз ҳуқуқи аз 90 рӯз зиёд будубош кардан надоранд.

Пешниҳод аз ҷониби котиботи ҳамоиш  қабул гардида,  барои муҳокима ва баррасӣ ба Шӯро оид ба корҳои миллатҳои назди Ҳукумати шаҳри Москва манзур карда шуд.
АМИТ «Ховар»

Tags: