Баррасии Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар Парлумон

Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: