Дастовардҳо ва дурнамои илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ

 5  сентябри соли равон  дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-  назариявии «Рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Академияи илмҳо дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Зикр шуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик- Академияи илмҳо равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои ҷумҳурӣ қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.
«Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриёти бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва натиҷаҳои илмии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ  мебошад»,- гуфт президенти Академияи илмҳо ва ҳамзамон афзуд, ки:
«Робитаҳои байналмилалии илмии Академияи илмҳо бо марказҳои илмии давлатҳои Русия, кишварҳои дигари ИДМ, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон ва ИМА таҳким ёфта истодаанд».
Академияи илмҳо узви баробарҳуқуқи  Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ ва Шӯрои байналмилалии марказҳои илмӣ гардид. Ҳоло Академияи илмҳои ҶТ дар асоси 15 созишнома бо даҳ давлати ҷаҳон  ҳамкории илмию техникӣ дошта, дар иҷрои ҳашт созишномаи байниҳукуматӣ иштирок мекунад, аъзои панҷ ташкилот, комиссия ва кумитаҳои байналмиллалӣ  мебошад.

АМИТ «Ховар»

Tags: