Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» иштирок мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Мусобиқаи мазкур  8 декабр оғоз шуда, то 14 декабр дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад.

Дастаи мунтахаби мамлакат бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»

1-ум давр
8 декабр (якшанбе)
15:00. Сурия – Малӣ
19:35. Чин – ТОҶИКИСТОН

2-юм давр
11 декабр (чоршанбе)
15:00. Малӣ – ТОҶИКИСТОН
19:35. Сурия – Чин

3-юм давр
14 декабр (шанбе)
15:00. ТОҶИКИСТОН – Сурия
19:35. Чин – Малӣ

Оғози бозиҳо бо вақти Чин муайян шудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: