Араб

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо олимпичиёни Аморати Муттаҳидаи Араб бозии дуюми таҷрибавӣ барпо менамояд

Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020  дар  шаҳри Дубайи АМА бозии дуюми худро бо олимпичиёни ин кишвар барпо менамояд. Дар бозии аввал, ки 8 март барпо гардид, дастпарварони Усмон Тошев ғолиб гардиданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайт

Имрӯз дар «Кохи Сомон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон Дабири кулли Иттиҳодияи давлатҳои арабӣ Аҳмад Абулғайтро ба ҳузур пазируфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи давлатҳои араб изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд

Ин  лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷараён дорад.

Иҷлосияро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов  ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки дар ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони 26 кишвари арабӣ, Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок доранд.