Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон соҳиби медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқистон гардид

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (то синни 16 сола) соҳиби медали нуқраи Ҷоми Президенти Қазоқситон гардид.
Дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар дидори ниҳоии мусобиқа ба соҳибони майдон, дастаи мунтахаби наврасони Қазоқситон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.
Ёдовар мешавем, ки аз се рақобати марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар дутоаш бо ҳисоби 6:0 бар Русия-2 ва  бо ҳисоби 2:1 бар Эрон пирӯз омада, дидори 3-юмро бо дастаи Озарбойҷон мусовӣ анҷом дод. Ҳамин тариқ бо гирифтани 7 хол ба дастпарварони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи «В» ҷойи аввалро ишғол карда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Маблағи ҷоизавии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМА мебошад. Ба ғолиби мусобиқа ба ғайр аз ҷом, ҳамчунин маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад. Дастаи мақоми дуюмро ишғолкарда бо 5 ҳазор ва дастаи ҷойи сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: