Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ба Арабистони Саудӣ сафар кард

Дастаи  мунтахаби ҷавонони   то  18-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол   барои анҷом додани ду бозии дӯстона ба Арабистони Саудӣ   сафар намуд. Дар ин бора  аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  дар бозиҳои рафиқонае, ки рӯзҳои 26  ва 29 июли соли равон  баргузор мешаванд, сармураббии  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон  Зайниддин Раҳимов бо худ 23 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 6 дифоъгар, 9 нимҳимоятгар ва 6 ҳамлагарро сафарбар намудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои дӯстона бо  дастаи мунтахаби  ҷавонони Арабистони Саудӣ як марҳилаи омодагии  дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 2  то 6  октябри соли равон  дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба шумор меравад. Рақибони дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон  дар ин  мусобиқа дастаҳои миллии Сурия, Ливан ва Малдив мебошанд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-18) дар бозиҳои дӯстона ба муқобили Арабистони Саудӣ:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА «Помир»), Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Исроил Холов, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Нимҳимоятгарон: Абдулмумин Забиров (ССКА «Помир»), Салам Ашурмамадов («Истиқлол»), Шарифбек Раҳматов, Азизбек Ҳасанов, Умедҷон Холиқов, Нидоёр Забиров, Шуҳрат Элмуродов, Озодбек Панҷиев, Амадони Камолов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Истиқлол»), Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Парвиз Хоҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).

Ҳайати доварон: Давлатманд Исломов – роҳбари ҳайат, Анваршо Мирзоев – чеҳраи расмӣ, Азизҷон Достиев – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Субҳон Хоҷамов – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – табиб, Умар Нуров – маъмур.

АМИТ «Ховар»

Tags: