Дастаи ҷавонони футзали Тоҷикистон ба сабади сеюм ҷойгир шуд

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон ба сабади сеюми Чемпионати Осиё оид ба футзал ҷойгир шуд. Дар ин бора сайти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) хабар медиҳад.
Чемпионати Осиё миёни футболбозони то 20-сола бори аввал аз футзал гузаронида мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба сабади сеюм бо дастаҳои мунтахаби Лубнон, Арабистони Саудӣ ва Тайбейи Чин ҳамроҳ шуд ва ин дастаҳо дар марҳалаи гурӯҳӣ бо ҳам рақобат нахоҳанд кард.
Дастпарварони Пайрав Воҳидов 30 март баъди қуръакашӣ дар шаҳри Бангкоки Таиланд, ки бозиҳои Чемпионати Осиё-2017 дар он аз 9 то 21 май баргузор мешаванд, рақибони худро дар гурӯҳ муайян мекунанд. Аз рӯи низомнома як гурӯҳ аз 6 даста ва се гурӯҳ аз 5 даста таркиб меёбанд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо муборизаро барои медалҳо дар чорякфинал идома медиҳанд.
Маҷмӯи сабадҳо барои қуръакашӣ ин дастаҳоро бо ҳам оварданд:
Сабади 1: Эрон, Ӯзбекистон, Таиланд, Ветнам.
Сабади 2: Япония, Ироқ, Қирғизистон, Қатар.
Сабади 3: Лубнон, Арабистони Саудӣ, Тайбэйи Чин, ТОҶИКИСТОН.
Сабади 4: Чин, Малайзия.
Сабади 5: Афғонистон, Баҳрайн, Бруней, Гонконг, Мянма, Муғулистон, Амороти Мутаҳидаи Араб.

АМИТ «Ховар»