Дар 2 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Чунин иброз гардид имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ».

«Бо вуҷуди ин дар раванди саноатикунонии босуръати мамлакат як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашваии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд дорад, ки бояд бартараф шаванд»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон содироти маҳсулоти саноатӣ тамоюли коҳишёбӣ пайдо намуда, нисбат ба соли 2022, ки содироти маҳсулоти соҳа ба 22,8 млрд расида буд, 19 фоиз кам гардидааст, яъне ҳамагӣ 18,5 млрд сомониро ташкил додааст.

Аз ин рӯ Президенти Тоҷикистон Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки доир ба такмили низоми омода намудани мутахассисон барои бахши воқеии иқтисодиёт бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ, таъсиси маҷмӯаҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва хизматрасонӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дастуру супориш доданд, ки афзоиши назарраси ҳаҷми коркарди маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногунсамтии истеҳсолот, ҷойгииркунонии самараноки иқтидори истеҳсолӣ ва таъсиси маҷмӯаҳои саноатиро таъмин намоянд.

Tags: