Дар Токио доираи васеи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар соҳаҳои мухталиф муҳокима гардид

5 ноябр дар Токио Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов бо Муовини парламентии вазири корҳои хориҷии Япония Наканишӣ Сатошӣ вохӯрд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Дар вохӯрӣ доираи васеи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония баррасӣ шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: