«Барқи тоҷик»: Тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд

Дафтари матбуоти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» хабар медиҳад, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз 5 январи соли равон маҳдудияти рӯзонаи неруи барқ барҳам дода шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бе махдудият бо барқ таъмин карда мешаванд.
Ба иттилои ширкат, дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани норасоии неруи барқ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва як қатор неругоҳҳои хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Таҷдиду навсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда оғоз гардид. Инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220, 110 киловолта ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд.
«Соли 2016 бо ин мақсад навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори иловагии 300 мегаватт ба истифода дода шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Ҳоло Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе- 2» бо иқтидори 400 мегаватт фаъолият намуда, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ бо барқ таъмин гардида истодаанд. Пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» шароит фароҳам овард, ки таъмини неруи барқ ба аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар гардад»,-иттилоъ доданд аз ширкати «Барқи тоҷик».

/АМИТ «Ховар»

Tags: