Дар Тоҷикистон онҳоеро, ки бо ӯзбекони аз коронавирус сироятёфта алоқа доштаанд, ҷустуҷӯ доранд

Шаш нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро, ки шояд бо беморони гирифтори коронавирус муносибат доштаанд, аллакай ба карантин фаро гирифта, чаҳор нафари дигарро ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад  мухбири АМИТ «Ховар».

Тавре Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 19 март дар ҷаласаи палатаи болоии Парлумони мамлакат изҳор намуд, 10 шаҳрванди Тоҷикистон 15 марти соли равон   бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд парвоз кардаанд.

Тибқи гуфтаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    дар тайёра  шаҳрванди Ӯзбекистон будааст, ки баъдтар дар ӯ  коронавирус ошкор гашт.

Прокурори генералӣ зикр намуд, ки шахсияти шаш нафар шаҳрванди дар ин ҳавопаймо буда аллакай муайян шуда, онҳоро  субҳи имрӯз аз дигарон ҷудо сохтанд.

«Чаҳор шаҳрванди  боқимондаи ҷумҳурӣ низ ҷустуҷӯ карда мешаванд»,-афзуд ӯ.

АМИТ «Ховар»

Tags: