Дар Тоҷикистон даври чоруми маъракаи ваксинатсия миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ҷараён дорад

ТВТ.23.08.2022. Бо назардошти вазъи мураккаби бемории COVID-19 дар якчанд кишвари минтақа шурӯъ аз 16 август даври чоруми маъракаи ваксинатсия бар зидди сирояти коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустии кишвар оғоз гардид, ки аллакай дар ин марҳила 36 ҳазору 635 нафар кормандон ба ваксинатсия бар зидди бемории ҳамагири COVID-19 фаро гирифта шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

А оғози маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 то 19 август дар мамлакат миёни гурӯҳҳои мақсаднок 5 миллиону 312 ҳазору 807 нафар (94,9 фоиз) бо вояи якум, 5 миллиону 221 ҳазору 534 нафар (93,3 фоиз) бо вояи дуюм ва 4 миллиону 927 ҳазору 758 нафар (88,0 фоиз) бо вояи сеюм бар зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

То имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба ваксинатсия бар зидди ин сироят фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ба Тоҷикистон 18 миллиону 290 ҳазор воя ваксинаи зидди COVID-19 ворид гардидааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: