Австралия –Тоҷикистон: Имрӯз дар Чемпионати Осиё-2019 (U-19) бозии калидии гурӯҳи «Д» баргузор мешавад

Дастаи мунтахаби  ҷавонони Тоҷикистон имрӯз соати 21:30 ба вақти Душанбе ба бозии охирини гурӯҳи «Д» бо дастаи мунтахаби Австралия дар варзишгоҳи байналмилалии Баҳрайн вориди майдон мешавад. Натиҷаи ин вохӯрӣ яке аз дастаҳоро ба бозиҳои чорякниҳоӣ мебарад. Дар гурӯҳ роҳхати аввалинро баъди ду вохӯрӣ ва ду ғалаба дастаи мунтахаби Ӯзбекистон пеш аз муҳлат аз худ карда буд. Барои футболбозони кишварамон натиҷаи мусовӣ  бо кадом ҳисобе набошад, кофӣ буда, он имкон медиҳад, ки ба даври бозиҳои минбаъдаи Чемпионат роҳхат гиранд.

Tags: