Дар Тоҷикистон дар даҳ моҳ маблағи аз ҳисоби содироти мол бадастомада 1 миллиарду 253,1 миллион долларро ташкил намуд

Дар даҳ моҳи соли равон маблағи аз ҳисоби содироти мол бадастомада 1 миллиарду 253,1 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри соли гузашта 30,4% зиёдтар аст, хабар медиҳад «Авесто» бо истинод ба Вазорати иқтисод рушд ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин давра ҷумҳурӣ асосан сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, металлҳо, маҳсулоти минералӣ — семент, маъдан, ангишт, неруи барқ, масолеҳи нассоҷӣ, металлҳои ғайри қиматбаҳо ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшударо содир намудааст.

Воридот маблағи беш аз 2,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-октябри 2019 6,3% камтар аст.

Тоҷикистон молҳоро асосан аз Россия, Қазоқистон ва Чин ворид кардааст ва дар маҷмӯъ, ҷумҳурӣ бо 108 кишвар, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ робитаҳои тиҷоратии хориҷӣ дорад.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ Россия (804,4 миллион доллар), Қазоқистон (713,5 миллион доллар), Швейтсария (693,9 миллион доллар), Чин (400,7 миллион доллар), Ӯзбекистон (беш аз 272,6 миллион доллар), Туркия (беш аз 265,1 миллион доллар) буданд.

Тибқи натиҷаҳои даҳ моҳи соли равон, гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019  3,3% афзудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: