Дар Тоҷикистон ба суғуртакунонии одамон аз коронавирус шурӯъ намуданд

Дар Тоҷикистон намуди нави суғуртакунонӣ аз коронавирус пайдо шуд. Бинобар ин дар қоидаҳои суғуртакунонӣ баъзе тағйирот ворид гардид. Дар ин хусус муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ҷавоб ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» зимни нишасти матбуотӣ посух дод.

Ба гуфтаи вай, аллакай баъзе одамон худро аз коронавирус суғурта кардаанд, вале хушбахтона, то ҳол зарурати пардохти маблағи суғурта ба касе пеш наомадааст.

Зикр гардид, ки агар маблағи суғуртакунонӣ 100 сомонӣ бошад, дар сурати фавти шахси суғурташуда маблағи ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Пардохт танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки агар дар асноди тиббӣ сабаби фавт  — «бар асари коронавирус» зикр шуда бошад, на илтиҳоби шуш ва ё бемории дигари монанд», — гуфта шуд дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.

Абдулло Абдуллоев инчунин зикр намуд, ки  ҳарчанд пандемияи коронавирус ба фаъолияти идора таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 бо 301 689 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳо баста шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: