Дар Теҳрон хабар доданд, ки ҳавопаймои украинии суқуткардаи Боинг 737 дар ҳаво оташ гирифтааст

Ҳавопаймои украинии Боинг-737, ки дар Теҳрон суқут кард, ҳанӯз то бархӯрдаш ба замин оташ гирифт. Бино ба хабари АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС , ин дар таҳқиқи ибтидоии садама қайд гардидааст, ки онро Ташкилоти  ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон  ба итмом расонда,  рӯзи панҷшанбе аз ҷониби Тасним ба табъ расидааст.

«Ҳавопаймо дар ҳаво оташ гирифт. Аз рӯи гуфти шоҳидони ҳол, оташ дар дохили ҳавопаймо намоён шуда,  ба  қанотҳои он паҳн гашта буд», -изҳор доштааст Ташкилоти ҳавопаймоии шаҳрвандии Эрон. Дар ҳисобот  ҳамчунин зикр гардидааст, ки «баъди ба замин бархӯрдан  таркиш ба амал омад.»

Боинг -737  пас аз  ошкор гардидани мушкили техникӣ тоб хӯрда,  ба фурудгоҳ баргашт, -қайд шудааст дар таҳқиқоти ибтидоӣ.

«Хати парвози ҳавопаймо, ки сараввал  аз фурудгоҳ ба ғарб парвоз мекард, нишони он аст, ки баъд аз пайдо гаштани мушкилоти техникӣ  он роҳашро дигар карда,  сӯи фурудгоҳ тоб додааст», — омадааст дар ҳисобот. Инчунин қайд шудааст, ки «ҳангоми рух додани  садама ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт».

Ба ҷуз ин, мутобиқи ҳисобот, аз сӯи аъзои сарнишинон  «дар бораи ягон ҳодисаи ғайримуқаррарӣ» хабаре нарасидааст.

Акс: © EPA-EFE/ABEDIN TAHERKENAREH

АМИТ «Ховар»

Tags: