Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Имрӯз, 6 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйиёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ карда мешавад. 

Тибқи иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ  3-8 метр ва баъзан 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешгӯӣ мегардид. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 9-14 дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда, абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-3 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"