Маскав: Кинотеатри «Тоҷикистон” дубора фаъол хоҳад шуд

Ҳукумати шаҳри Маскави Русия  тасмим гирифтааст, ки ду толори кинои даврони шӯравӣ — “Тоҷикистон” ва “Правда”-ро дубора фаъол кунад.
Дар ин хусус расонаҳои Русия хабар додаву мегӯянд, бинои кинотеатри “Тоҷикистон”, ки дар ноҳияи Строгино воқеъ аст, ба маркази муосири фарҳангӣ ва хизматрасонӣ табдил хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки онҷо толорҳои кино барои 500 нафар, китобхона ва қаҳвахона фаъол мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, намои берунии кинотеатр тақрибан бетағйир хоҳад монд. Дар ҳоле, ки бинои кинотеатр хароб гардидааст, масъулин гуфтаанд, ки намои берунии биноро аз рӯи аксҳо барқарор хоҳанд намуд.
Бояд гуфт, ки кинотеатри “Тоҷикистон” соли 2015 тахриб шуда буд. Он соли 1982 дар кӯчаи Маршал Кутукови ноҳияи Строгинои Маскав сохта шуда аз се қабат иборат буд.

 

Tags: