Дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ ҳаракати нақлиёт тибқи реҷаи тасдиқгардида амалӣ мегардад

tarma.jpgШоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд — Чаноқ шурӯъ аз шоми 24 феврали соли равон аз тарма тоза гардида, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мазкур имконпазир гардид.
«Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки тибқи фармоиши дахлдор «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ», аз ин пас, то як муддати муайян ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи реҷаи тасдиқнамудаи Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои дохилӣ ва филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Тибқи реҷаи мазкур ҳаракат дар шоҳроҳи мазкур рӯзҳои тоқи ҳафта аз самти Хуҷанд ба Душанбе ва рӯзҳои ҷуфти ҳафта аз Душанбе ҷониби Хуҷанд муқаррар шудааст»,- афзуд манбаъ.
Дар ин робита Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ва мусофирбар хоҳиш менамояд, ки танзими ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд- Чаноқ риоя намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: