Дар шаҳри Новокузнетски Россия ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид

Чанде пеш дар варзишгоҳи бузурги шаҳри Новокузнетски Федератсияи Россия  бо дастгирии ҳукумати вилояти  Кемерово,  ҳукумати шаҳри Новокузнетск,  ҷамъияти тоҷикони  Новокузнетск, инчунин бо иштироки ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун бахшида ба ҷашни  фархундаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон  мусобиқаи футбол  барои «Ҷоми миллӣ» баргузор гардид. 

Дар мусобиқа бозингарони ҷамъиятҳои   Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва варзишгарони Федератсияи Россия  ширкат карданд. Дар интиҳо ғолибият насиби бозингарони дастаи «Дӯстӣ»-и ҷамъияти тоҷикон гардида, онҳо сазовори «Ҷоми миллӣ» шуданд.

“Мояи хушнудист, ки имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он ҳам бо дастгирии ҳамаҷонибаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ парчамбардори миллату Ватан мебошанд. Баргузории чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд миёни миллатҳо дар ташаккули дӯстӣ ва ҳувияти худшиносии насли ҷавони мо   аҳамияти хосса дорад”,-гуфт зимни суҳбат раиси ҷамъияти “Дӯстии  русҳову тоҷикон” дар шаҳри Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров.

Садбарг БОҚИЕВА,
хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ФР

Tags: