Парлумон ба қонуни матбуоти даврӣ тағйирот ворид менамояд

Интизор меравад, ки дар оянда Парлумони Тоҷикистон ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» тағйиру иловаҳо ворид намояд. Масъалаи мазкур 31 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, баррасӣ шуд.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи алоқаи барқӣ»  ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  оид ба ҳавопаймоии гражданӣ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Дар анҷом бархе аз масъалаҳо барои баррасӣ ва қабул ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

АМИТ «Ховар»/

Tags: