Дар шаҳри Наннин муносибатҳои Тоҷикистон бо вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин баррасӣ гардиданд

15 октябр дар шаҳри Наннин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар доираи иштирок дар Форуми ҳафтуми ҳамкории Чин-Осиёи Марказӣ бо Раиси вилояти мухтори Гуансӣ-Чжуани Чин Чэн У вохӯрӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз рушди батадриҷи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамсоягии нек тавсеа ёфтани робитаҳои байниминтақавиро, ки яке аз самтҳои асосии шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид бар он карда шуд, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармогузорӣ ва иқтидори калони ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам мебошанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди манфиатдорӣ ва имкониятҳои якдигар, инчунин истиқрори муносибатҳои бародариро байни шаҳру ноҳияҳои ҷонибҳо баррасӣ намоянд.

АКС аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин

АМИТ «Ховар»

Tags: