Дар шаҳри Москва ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» доир гардид

Дар шаҳри Москва 11 октябр ҷаласаи Гурӯҳи тамоси «СҲШ-Афғонистон» дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ Маҳмадшариф Ҳақдод намояндагӣ кард.

Зимни  ҷаласа мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои мубориза бо чолишу таҳдидҳо ба амнияти минтақа, мусоидат ба кӯшишҳои Афғонистон барои барқарор намудани сулҳ ва таъмини рушди босуботи иқтисодии кишвар сурат гирифт.

Тарафҳо ҳавасмандиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни СҲШ ва Афғонистон дар доираи сохтори машваратии мазкур, ки соли 2005 таъсис дода шудааст, зикр намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: