Дар шаҳри Хуҷанд тантанаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд

Дар маҳаллаҳои маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд барномаҳои наврӯзӣ оғоз гардиданд.

Тавре  аз Хадамоти матбуоти раиси шаҳр иттилоъ доданд, тибқи дастури шаҳрдории Хуҷанд ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти маҳаллӣ баргузории барномаҳои таҷлили Наврӯз дар 22 маҳаллаи шаҳр дар назар гирифта шуда, он то 25 март идома меёбад. Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наврӯзии маҳаллаҳои шаҳр ҳамчунин намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

Дирӯз аввалин шуда, дар маҳаллаи Содирхон Ҳофизи шаҳр бо иштироки аҳли маҳалла ва фаъолони шаҳр тантанаҳои наврӯзӣ бо пухтани суманак оғоз гардиданд. Сокинону бошандагони маҳалла ва муҳассилини мактабҳо барои гузаронидани чорабинии Наврӯзӣ омодагии ҳамаҷониба дидаанд.

Дар ин рӯз аз ҷониби иштирокдорон ва толибилмон ба меҳмонон барномаи наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи «бойчечакхонӣ», бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили «Кокулбофӣ», «Ҳаппакбозӣ», «Ошиқбозӣ», «Лаппар», суруди «Нақшхонӣ» ва оростани дастархони наврӯзӣ бо «ҳафтсин»-у  «ҳафтшин» ва  таоми анъанавии суманак намоиш дода шуд.

АМИТ "Ховар"