Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи шамшербозӣ баргузор мегардад

Бахшида ба гиромидошти хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулхайр Усмонов рӯзҳои 21–22 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ байни ҷавонону наврасони солҳои таваллудашон 1997- 2001 баргузор мегардад.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур дастаҳои Хатлон – 2 бо ҳайати 20 нафар варзишгар, Душанбе – 1 бо ҳайати 10 нафар варзишгар, Душанбе – 2 бо ҳайати 10 нафар варзишгар ва дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо ҳайати 10 нафар варзишгар баҳри дарёфти мақомҳои ифтихорӣ сабқат мекунанд.

АМИТ «Ховар»