Дар шаҳри Бохтар ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ сурат гирифт

26 ноябр дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таҳти унвони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба мухбири  АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Ғазалшо Сафарзода ва 145 нафар гирандагони стипендияи президентӣ аз ҳамаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат варзиданд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дар рӯҳияи ватандӯстию ватандорӣ ба воя расонидани онҳо мебошад.

Зимни вохӯрӣ роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода иброз намуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон хеле хуб буда, ҷиҳати аз бар намудани донишҳои муосир ва соҳибкасб гардидани ҷавонон пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

«Мутмаинам, ки шумо — насли ҷавон, давомдиҳандагони кору пайкори фарзандони хирадманду хирадпеша асолат ва рисолати арзишҳои милливу давлатдориро муҳофизат карда, мактаби мардонагӣ ва ватандориро аз Пешвои маҳбуб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхта, ворисони арзандаи ин сарзамин ва пайравони асили Пешвои муаззами мамлакат мебошед».

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр кард, ки Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, барои насли ҷавон шароити беназир ҳадя намуданд. «Пешвои ҷавонпарвари миллат барои мову шумо наврасону ҷавонон тамоми шароити мусоидро фароҳам овардааст, то шумо илм омӯзед, забонҳои хориҷиро аз худ кунед, мутахассиси баландихтисос гардида, ба Ватану миллат содиқона хизмат намоед».

Мавриди зикр аст, ки таъсиси стипендияи президентӣ намунаи олии таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат ба ҳисоб рафта, барои ҳавасманд намудани хонандагон ва донишҷӯёни болаёқати ҷумҳурӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар ҳамоиш Раиси кумита ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят шаҳодатномаи гирандагони стипендияи президентиро бо лентаи рамзӣ ва маблағи стипендия дар фазои тантанавӣ ба соҳибонашон супориданд.

Барои болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангиву фароғатии саршор аз таронаҳои ватандориву ватандӯстӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: