Дар сарҳади давлатӣ воридоти ғайриқонунии маводи пиротехникӣ пешгирӣ карда шуд

Хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти ғайриқонунии маводи таркандаи пиротехникиро пешгирӣ карданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ба нақли номбурда, 28 декабри соли 2017, соати 19:40 хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Мурғоб» мошини тамғаи «Toyota Land Cruiser»-ро таҳти ронандагии Қушбай Мамбедқулов, миллаташ қирғиз, соли таваллудаш 08.08.1995, зодаи ноҳияи Мурғоб, истиқоматкунандаи деҳаи Сармуғули вилояти Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон боздошт карданд.

«Дар вақти азназаргузаронӣ аз дохили мошин 5 қуттӣ, ки  дар дохили онҳо зиёда аз 600 кг маводи таркандаи пиротехникӣ мавҷуд буд, дарёфт карда шуд»,-илова намуд манбаъ.

АМИТ «Ховар»

Tags: