Дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба Чемпионати Осиё-2020 омодагӣ мебинад

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббии даста  Мубин Эргашев омодагиро ба Чемпионати Осиё-2020 шурӯъ кард. Ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста, ки дар шаҳри Душанбе то 26 июли соли равон  идома меёбад, 22 бозингар даъват карда шудааст. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи итиллои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола, ки аз 14  то 31  октябри соли равон  дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мешавад, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои мунтахаби Малайзия (16 октябр), Яман (19 октябр) ва Қатар (22 октябр) рақобат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки чаҳор дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё-2020 миёни ҷавонон ба Ҷоми ҷаҳон-2021, ки соли оянда дар давлатӣ Индонезия доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Самандар Каримов («Локомотив-Помир»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров, Шаҳром Назаров («Хуҷанд»), Шоҳрух Сангов, Муҳаммад Саломзода, Исроил Холов, Маҳмуд Пиров, Ҷонибек Шарипов («Локомотив-Помир»), Алиҷон Кароматуллозода (ССКА);

Нимҳимоятгарон: Абдулмуъмин Забиров («Хуҷанд»), Ҳамадонӣ Камолов, Шарифбек Раҳматов («Истиқлол»), Озодбек Панҷиев, Шуҳрат Элмуродов, Нидоёр Забиров, Эмомалӣ Аҳмадхон, Муҳаммад Буризод, Умедҷон Холиқов («Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев («Локомотив-Помир»), Суннатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

АМИТ «Ховар»

Tags: