Дар Мастчоҳ дар 19805 гектар кишти баҳорӣ гузаронида мешавад

Дар ноҳияи Мастчоҳ маъракаи кишт ва корҳои баҳорӣ бо маром идома доранд ва то имрӯз дар масоҳати 1775 га замини хоҷагиҳои деҳқонӣ кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Аз миқдори умумӣ дар 1225 га ғалладонагӣ, дар 61 га сабзавоту картошка, дар 11 га полезӣ, дар 240 га зироати равғандор ва дар 238 гектар хӯроки чорво кишт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои кишти пахта 11200 га замин омода гардидааст. Дар маҷмӯъ 19805 га замин комилан омода гардида, дар он кишти баҳорӣ гузаронида мешавад

АМИТ «Ховар»

Tags: