Дар Кӯшониён ҳар як оила 300 банка консерва захира намудааст

Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон айни замон намудҳои гуногуни сабзавот, аз ҷумла картошка, сабзӣ, шалғам, карам, маҳсулоти донагӣ: лӯбиё, мош, биринҷ, нахуд ва орду равған фаровон захира гардида, ҳар оила зиёда аз 300 банка  консерва маҳкам кардааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар робита ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш ба ноҳияҳои Ҳисору Рӯдакӣ сафар дошта, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ боздид намуданд ва ба кишоварзон маслиҳат доданд, ки аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода бурда, барои ду сол маҳсулот захира намоянд,  сокинон ба масъалаи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва омодагӣ ба давраи зимистон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, аз меваю сабзавот шарбату хӯришҳо омода намуда истодаанд.

Давраи тобистону тирамоҳ барои ҳар кадбону мавсими ҷамъу бастабандӣ, хушконидани меваю сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ мебошад. Кадбонуи беҳтарин дар баробари пухту паз бояд ҳунару малакаи мевахушккунӣ ва бастабандии нӯшобаву мураббо ва хӯришҳоро дошта бошад.

Мутахассисон маслиҳат медиҳанд: ҳар бонуе, ки мехоҳад дар шароити хона консерва тайёр намояд, бояд пеш аз ҳама, ба тозагӣ ва  бехатарии ғизо аҳамият диҳад. Интихоб ва коркарди дурусти маҳсулоти тоза, дар дараҷаи муайян пухтани он, ба таври зарурӣ шустани асбобу зарфҳои  корӣ имконият медиҳад, то маҳсулоти омоданамуда ба саломатии инсон зарар наоварад.

АМИТ «Ховар»

Tags: