Дар Хуҷанд бинобар гармии ҳаво як адад зарфи кислород таркид

23 июл, тахминан соатҳои 12:30, дар назди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Ҳуҷанд, дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан таркиши як адад зарфи кислород ба амал омад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан ба шаҳрванд Фируз Мирзоев, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, дар он бинобар гарм будани ҳаво як адад зарфи кислород таркидааст.  Дар натиҷа 2 нафар ба беморхона дастрас гардида, 8 нафари дигар баъди муоинаи тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Зимни ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: