Дар Хатлон Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир гардид

Ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагона ба номи Мирсаид Миршакар аз 2 то 9 апрел дар саросари мамлакат Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Баргузории ин чорабинӣ ба тарғиби адабиёти тозанашр, кашфи падидаҳои нави фарҳангӣ, робитаи шоирону нависандагон ва олимон бо насли наврас ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба китобу китобхона нигаронида шудааст.
Аввали ҳафтаи равон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин кушодашавиии Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки адибон Азизи Азиз, Маҷид Салим, Ғаффоралӣ Сафар ба таври расмӣ, ботантана ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор гардида, давоми як ҳафта дар тамоми китобхонаҳои бачагонаю мактабии шаҳру ноҳияҳои вилоят идома меёбад.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, қабл аз кушодашавии Фестивал иштирокчиён аз намоиши кушоди китобу матбуот дидан намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: