Дар хоҷагиҳои кишоварзии Суғд беш аз 500 ҳазор тонна хошоки дурушт захира шудааст

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд зимни корҳои саҳроӣ, чун ҷамъоварии ҳосили пухта расида, инчунин ҷамъоварӣ ва захиракунии хӯроки чорво бомаром идома дорад. Кишоварзон дар майдонҳои минтақаҳои вилоят корҳои дарав ва ҷамъоварии хошоки дуруштро пурсамар ба роҳ мондаанд. Дар ин бора аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи дурнамо, соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят бояд 360 000 тонна хошоки дуруст ҷамъоварӣ гардад. То 11 август дар вилоят 549 617 тонна хошоки дурушт ҷамъоварӣ гардидааст, ки 152,7 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳол он ки дар ҳамин давраи соли гузашта 302 891 тонна хошок ҷамъоварӣ гардида буд.

Аз ҷумла, имрӯз дар ин самт хоҷагидорони шаҳри Истаравшан намуна ва пешсаф буда, ба ҷойи 36 ҳазор тоннаи дурнамо 261 ҳазору 150 тонна хошок захира намуданд, ки аз нақша 6 маротиба зиёд мебошад. Инчунин дар ин радиф хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов нақшаи иҷроро 122,7%, Деваштич 111,2%,  Шаҳристон 103,0% ва Мастчоҳ 102,7 фисад иҷро намудаанд.

Агар чанд ноҳия дар арафаи ба анҷом расонидани корҳои ҷамъоварӣ қарор дошта бошанд, чун Кӯҳистони Мастчоҳ, иҷрои нақша 98,6%, Зафаробод — 87,4%, Конибодом — 84,8%, Панҷакент — 86,6% ва Бобоҷон Ғафуров — 74,5, пас  нишондиҳандаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Ашт (дурнамо 17000 – иҷро 7450 ё 43,8%), Спитамен (дурнамо 18000 – иҷро 10610 ё  58,9%), Исфара  (дурнамо 13000 – иҷро 8135 ё 62,6%) ва Айнӣ (дурнамо 6000 – иҷро 4015 ё 66,9%) мебошанд.

Корҳои захираи хошоки дурушт дар хоҷагиҳои ин минтақаҳо вобаста ба обу ҳавои мусоид масъулияти бештар металабад.

АМИТ Ховар

Tags: