Дар Эрон бар асари заминларза 141 нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари заминларзаи шиддатнокиаш 7,2 балл, ки рӯзи якшанбе, 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ ба вуқӯъ пайваст, 141 нафар ба ҳалокат расида, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар ин бора агентии эронии «Fars News Agency» бо ишора ба хадамоти мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.

Шумораи зиёди қурбониён ва хисорот дар музофотҳои Кирмоншоҳ ва Иломи Эрон ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи маълумоти маркази бӯҳронии созмонёфта, зарбаи асосӣ маҳз ба он минтақаҳо расидааст.

Бино ба маълумоти ВАО-и маҳаллӣ, фурудгоҳҳои музофотҳо дар ҳолати доимӣ фаъолият дошта, беш аз 20 чархболи ҳарбӣ барои интиқоли захмиён ба Теҳрон омода шудаанд. Иншооти стратегӣ, аз ҷумла, инфрасохтори нафту газ  осеб надидаанд.

Тибқи маълумоти Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, маркази заминларза дар километри 32-юми шаҳри Сари Пули Зиҳоби Эрон ва километри 100-уми ҷанубу шарқи шаҳри Сулаймонияи Ироқ дар умқи 10 км ҷойгир будааст.

АМИТ "Ховар"