Дар Душанбе корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ оғоз гардиданд

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе   Рустами Эмомалӣ ба имзо расид. Тибқи нақшаи  чорабинии мазкур дар пойтахт баргузор намудани як силсила барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, маҳфилҳои адабӣ ва конференсияҳои илмӣ–амалӣ, аз ҷумла, маҷлиси тантанавӣ ва конференсия таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» ва   доир намудани  барномаи фарҳангию фароғатӣ дар Боғи  ба номи Садриддин Айнӣ дар назар дошта шудааст.  Дар  барномаи идона ҳамчунин намоиши китоб баргузор гардида, дар он  дастовардҳои олимону муҳаққиқони соҳа  манзури иштирокдорон  мегардад. 

Тавре  сардори  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Абдумаҷид Ҳакимзода  ба мухбири  АМИТ «Ховар» иброз дошт, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба   он  дар тамоми  шаҳр навиштаҷоте, ки бузургиву шаҳомати забони тоҷикиро  баён менамоянд, насб  гардида, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе»  вазифадор гардидаанд, ки  дар ин мавзӯъ барнома ва маводи ҷолиб омода созанд.

Инчунин тамоми муассисаву ташкилотҳои зерсохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор шудаанд, ки бахшида ба ин рӯз бо иштироки олимону адибон  маҳфилҳои адабӣ баргузор намоянд.

Тибқи қарори дахлдор,  масъулин,  аз ҷумла, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  муваззаф гардидаанд,  ки иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   таъмин намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди забони тоҷикӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд.  Аз ҷумла,  ҳадафҳои асосии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009  таъсис дода шудааст, татбиқи сиёсати давлат дар бораи забони давлатӣ ва дигар забонҳо мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.  Аз замони таъсис то ба имрӯз Кумитаи мазкур  дар асоси нақша фаъолияти густурдаро дар иртибот ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ташкилоту муассисаҳо ба роҳ монда, сиёсати Президенти  мамлакат, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи забон амалӣ менамояд.

Дар боби 1, моддаи 3-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин омадааст:  «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
4. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад».

АМИТ «Ховар»

Tags: