Дар Душанбе беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта муҳокима гардид

Дар Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода ва ташкилотҳои суғуртавии кишвар оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва бо мақсади рушди соҳаи суғуртаи ҷумҳурӣ  ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

ҷаласаи мазкур  дар такя ба қарорҳои қабулгардида аз ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (30.05.2014) оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши суғурта ва бо мақсади рушди соҳаи суғуртаи ҷумҳурӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  зикр гардид, ки бо мақсади рушди бахши суғурта заминаи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ фароҳам гардида, аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии интиқолдиҳанда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амволи мусофирон» дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ» дар ҳолати таҳия қарор дорад.

Дар идомаи ҷаласа масъулини Идораи назорати суғуртавӣ дар мавриди динамикаи бозори суғуртаи кишвар дар чор соли охир, нишондиҳандаҳои асосӣ оид ба сармояи оинномавӣ, дороиҳо ва уҳдадориҳо аз рӯи намудҳои суғурта, намудҳои бештар истифодашавандаи суғурта, воридоти ҳаққи суғуртавӣ, пардохти (ҷуброни) суғуртавӣ, корҳои анҷомдодашуда дар бахши суғурта ва камбудиҳои ҷойдошта дар бахши мазкур таҳлили мушаххас намуданд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳамидулло Машрабзода зикр намуд, ки ҷиҳати рушди соҳа ташкилотҳои суғуртаро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро тибқи талаботи иҷозатномадиҳӣ ва дар асоси қоидаҳои намудҳои суғуртаи иҷозатдодашуда бо мақсади таъмини рақобати солим ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар ин бахш татбиқ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016, «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 «Дар бораи ба БМТ вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ», Идораи назорати суғуртавӣ ҳамчун воҳиди таркибии Бонки миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти соҳаи суғуртавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлатро таъмин менамояд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 22 ташкилоти суғуртавӣ фаъолият доранд.

​​АМИТ "Ховар"