Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр, соати 10:00, дар Муассисаи давлатии «Наврўзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди аспдавонӣ баргузор мешавад. Дар  ин бора  аз Федератсияи ҷумҳуриявии пойгаи равон ва бузкашии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи аспдавонӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа доир мешавад.

Аз варзишгарон — чобуксаворони мамлакат хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро барои иштирок дар мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ ба кумитаи тадорукот — Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд. Ғолибони мусобиқаро мукофотпулӣ интизор аст.

АМИТ «Ховар»

Tags: